КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ
ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ “САТУРН” ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ТАЪСИС ДОДА ШУД

User Rating:  / 0
PoorBest 
Категория: Ахборот
Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сатурн” бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Нахуст 17 нафар кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сатурн”, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Сипас дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сатурн” ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он “Сатурн” гузошта шуд.
Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Мардонова Рафоат Маҳмадмуродовна - директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сатурн” раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии “Сатурн” Изатуллои Ҳабибзод-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сатурн” иқдоми саривақти ва созгори Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сатурн” арзёбӣ намуд.
Сипас оид ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи бавуҷуд омадаи ҷомеаи ҷаҳон, минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Изатуллои Ҳабибзод оид ба ташаббусҳои сатҳи баланди байналмиллалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаи мамлакат таъкид намуд.
Дар фаромади маҷлис роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Сатурн” иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем.