Дар оғоз шукргузорӣ мекунем, ки боз ҳам дар фазои амну осоиши Ватани маҳбубамон кору зиндагӣ дорем, хосатан, дар ин рӯзҳо, ки дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ихтилофоти гуногун ба ҷангу хунрезӣ боис гашта истодаанд.
Ду неъматест, ки мардум баъди аз даст додан қадри онро мешиносанд: яке тани сиҳат ва дуюм амну офият.
Имрӯз воқеан ҷои шукру қадрдонист, ки аз тариқи заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллатамон барои мо неъмати сулҳро арзонӣ доштааст.
Аз
тоҷикияти худамон, фарҳангу маданият ва арзишҳои миллиамон ифтихор кунем ва онро ҳифз намоем. Онҳоро болотар аз дигар арзишҳо гузорем.
Шукри неъматҳои илоҳиро бояд бо кору амали содиқонаи худ адо намоем. Зеро инсони мусулмон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад, ки дидаву дониста нисбат ба тақдири худ ва тақдири Ватану миллати худ бепарвоӣ кунад. Бепарвоӣ кардан аз сарпечӣ дар адои хизмати ҳарбӣ, то содиқона анҷом надодани кори худ дар кадом соҳае набошад, зоҳир мегардад.
Имрӯз, ки бо Фармони Сарвари давлат маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз шудааст, ҳар як ҷавон бояд дар ин амри хайр бетарафу бетафовут набошад.
Мо шоҳид мешавем, ки афроди алоҳида бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ талош мекунанд, ки бо нашру паҳн кардани ахбори бардурӯғу фитнаангез ҷавонони моро аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ, ки бешак як мактаби бузурги мардонагӣ аст, дилсард намоянд.
Аммо инсони ҳақиқӣ набояд ба чунин иғвову дасисаҳо дода шавад. Зеро сарбоз бо рафтан ба хизмати Ватан дар баробари адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат, инчунин соҳиби аҷру подоши азиме мегардад.
Ватандорӣ ва дӯст доштани Ватан барои миллати тоҷик як хислат аст. Тоҷикият, ифтихор аз тоҷик буданд ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва пос доштани ҳуввияти миллӣ кӯшидан як рукни муҳими ватандорист.
Ин хислат дар хуну дар ҷони мо маъво дорад. Аз қадим марди тоҷик ҷони худро бо ҷони Ватан пайванд дониста, ҳимояи марзу буми Ватан, шарафу номусу арзишҳои миллӣ ва манфиати давлату миллаташро вазифаи муқаддаси худ медонад.
Ватандорӣ на танҳо арзишу ҷаҳонбинӣ, балки манфиату рисолату ифтихори шахсиву номусиву ҳаётии ҳар марди тоҷик аст.
Имрӯз Тоҷикистон хонаи ободи ҳар яки мост. Ҳеҷ як бегонае омада хонаи моро обод намекунад.
Ҳеҷ кишвари дигар, ҳеҷ созмони хориҷӣ ҳаргиз барои хайри мову шумо кор намекунанд.
Танҳо худи мо, ҳамчун як оилаи калони тоҷикистониҳо бояд ин Ватани бо заҳмату ҷоннисориҳо ободкардаамонро, дастовардҳои бузургу азими Истиқлолро ҳифз намоем ва барои фарзандону ояндагонамон ба мерос гузорем.