КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ
ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

ДАР ҲИСОР ДАВРИ АВВАЛИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ВАСФИ ВАТАН”

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 3 августи соли ҷорӣ бо мақсади амалӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд бо сарпарастии роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” гузаронида мешавад.
Рӯзи 25 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври аавали Фестивал – Озмун баргузор гардид, ки дар он 112 нафар иштирокчӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ медиҳем, ки даври аввали Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” аз руйи чор номинатсия: суруд, навозандагӣ, рақс ва ровигӣ дар байни гуруҳҳои касбӣ ва ғайрикасбӣ аз 10 сола то 21 сола ва аз 21 сола боло гузаронида шуд.
Дар даври якуми Фестивал – Озмун аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ 38 нафар, навозандагӣ 13 нафар, ровигӣ 39 нафар ва рақс 22 нафар иштирок намуданд.
Тибқи талаботи низомнома мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
Мақсади ниҳои ва меҳварии Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” ин иҷрои сарвиақтии ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Бо мақсади шаффоф гузаронидани даврҳои Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” ҳайати ҳакамон аз ҳисоби зиёиён, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва шоирону нависандагон созмон ёфта, даврҳои якум ва дуюми фестивали мазкурро ҳакамӣ менамоянд.
Иттилоъ медиҳем, ки даври дуюми Фестивал – Озмун рӯзи 8 ноябри соли равон байни ғолибони даври якум гузаронида мешавад.
Маросими ҷоизасупории Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” дар арафаи таҷлили 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир мегардад.