КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ
ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

“КОНСТИТУТСИЯ БА ҲАР ХОНАДОН!” Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия баргузор гардид

 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба ифтихори 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Конститутсия ба ҳар хонадон!” бо тақсим намудани китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуда, китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақсим намуданд.
Иттилоъ бояд дод, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор иқдоми мазкурро ба ҳукми анъана дароварда, соли дуюм аст, ки онро роҳандозӣ намуда истодааст.
Мақсад аз роҳандозии аксияи мазкур ин мавҷуд будани Конститутсия дар ҳар як хонадон, эҳтиром ва риояи муқаррароти қонуни асосии кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихор нисбат ба Конституисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба одати доимии шаҳрвандон табдил додани риояи қонунҳои амалкунанда мебошад.
Илова бар ин, иқдоми мазкур ба сокинони шаҳри Ҳисор ҷиҳати бештар бархурдор гардидан аз меърёҳои конститутсия ва бархурдор гардидан аз ҳуқуқҳои хеш мусоидат менамояд.
Дар воқеъ меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ба таври мустақим амал намуда, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шудааст, ки бо дарназардошти инсон арзиши меҳвари қарор гирифтан дар санади олии ҳуқуқии мамлакат яке аз нодиртарин Конститутсия дар ҷаҳон пазируфта шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани конститутсия дар низоми идоракунии давлатдории миллӣ саҳифаи навро оғоз намуд ва дигаргунии куллиро дар миёни ҷомеа ба вуҷуд овард.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Маҳз тавассути Конститутсия рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсй ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст, ки дар оянда чунин аксияҳоро дар деҳотҳои дурдасти шаҳр низ роҳандозӣ намояд.