ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ДАВРИ ДУЮМИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ВАСФИ ВАТАН” БАРГУЗОР ГАРДИД
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халции Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Оинномавию Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти сарпарастии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” роҳандозӣ гардидааст.
Даври дуюми Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан”дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки ғолибони даври якум гузаронида шуд, ки дар он 51 нафар ғолибони даври якум иштирок намуданд.
Даврҳои интихобӣ ва якуми фестивал – озмуни мазкур нишон дод, ки ҷиҳати иштирок дар фестивал – озмуни мазкур теъдоди зиёди наврасону ҷавонон майлу рағбати бештар зоҳир намуда, мехостанд, истеъдоди худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намоянд.
Тибқи иттилои маъулони Фестивал – Озмун дар даври интихобӣ зиёда аз 457 нафар соҳибистеъдодҳо номнавис гардида, ба даври якум 112 нафар роҳхат гирифтанд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон аз 112 нафар иштирокчии даври якум 51 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифта, ҳунару истеъдоди худро баъди такмил бо роҳнамоии устодон боз пешкаши ҳакамон намуданд.
Табиист, ки баргузории чунин Фестивал – Озмунҳои ватандӯстона, ки тарранумгари сулҳу дӯстӣ, ифтихор аз давлатдории навини миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзу нигоҳдошти якпорчагии марзу буми Ватан ва пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданро таблиғу ташвиқ менамояд, барои наслҳои наврасу ҷавон мактаби бузург хоҳад буд.
Тавре масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Васфи Ватан” дар арафаи таҷлили 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор мегардад.
08.11.2023 11:48
48
Хабарҳои ҳизб